Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати бензин дар Душанбе аз 7 сомонӣ гузашт


Қимати бензин дар Тоҷикистон дар як моҳи охир 8,9 фоиз боло рафта, аз марзи 7 сомонӣ барои як литр гузаштааст. Бино ба хабари “Азия Плюс”, як литри бензин дар сӯхтфурӯшиҳои Душанбе ба 7 сомониву 20 дирам расидааст. Бар асоси мониторинги вазорати иқтисод, нархи бензин аз аввали соли равон қариб 60 дарсад ва дар муқоиса бо ноябри соли гузашта 69 дарсад афзудааст. Як иллати афзоиши қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон боҷу хироҷи гумрукиест, ки Русия – содиркунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба ин кишвар – аз соли гузашта рӯи содироти маводи сӯхташ эъмол кардааст.
XS
SM
MD
LG