Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маршал Тантовӣ ба мардуми Миср паём мефиристад


Ҳусейн Тантовӣ ҳангоми мулоқот бо Ҳилларӣ Клинтон (акс аз бойгонӣ)
Ҳусейн Тантовӣ ҳангоми мулоқот бо Ҳилларӣ Клинтон (акс аз бойгонӣ)
Интизор меравад, ки шоми имрӯз маршал Ҳусейн Тантовӣ-раҳбари Шӯрои низомии Миср ба мардуми кишвараш паём фиристад. Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар майдони Таҳрири Қоҳира-пойтахти Миср ҳазорон нафар ба тазоҳуроти эътирозии худ идома медиҳанд.

Тазоҳуркунандагон тақозо доранд, ки ҳукамати низомӣ ҳар чӣ зудтар зимоми қудратро ба ғайринизомиён диҳад. Баъд аз се рӯзи хушунат дар пойтахт ва шаҳрҳои дигар кобинаи ғайринизомӣ ба Шӯрои низомӣ пешниҳод кард, ки истеъфо диҳад, вале то ҳол Шӯрои низомӣ ин пешниҳодро қабул накардааст. Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар даргириҳои рӯзҳои ахир дастикам 24 нафар кушта, бештар аз 1 200 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар эъломияе, ки имрӯз Amnesty International ё Афви Байналмиллал мунташир сохт, гуфта мешавад, ки раҳбарияти низомии Миср комилан натавонистааст аз ҳуқуқи башар дифоъ кунад.
XS
SM
MD
LG