Пайвандҳои дастрасӣ

Cабқати лигаи якуми футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи “Зарафшон”-и Панҷакент поён ёфт.

Футболбозони шаҳри Панҷакент, ки бо 59 имтиёз мақоми аввалро касб карданд, соҳибони медалҳои тиллои Федератсиюни футболи Тоҷикистон шуданд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот дастаи “Зарафшон”, инчунин, соҳиби роҳхати аввал ба сабқати лигаи олии кишвар дар соли 2012-ум гардид.

Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, ки бо 58 имтиёз ҷои дуввумро азони худ кард, бо медалҳои нуқра ва роҳхати дуввум ба сабқати лигаи олӣ сарфароз мешавад.

Дастаи “Сабо”-и Шаҳринав, ки бо 52 имтиёз мақоми саввумро касб намуд, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуд.

Дар ду бозии охирини мавқуфмондаи мусобиқот дастаҳои “Вахши зарнисор” ва “Ситора” ба иллати аз сабқат даст кашидани рақибашон - “Кӯктош” бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуданд.

Сайидамир Мирзоев, бозигари “Ҳулбук”, бо 22 гол беҳтарин нишонзани мусобиқот гардид. Абдуҳалим Боронов (“Румӣ”) бо 20 гол дуввум шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқот:


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Зарафшон” (Панҷакент)

26

18

5

3

58-22

59

2.

«Ҳосилот» (Фархор)

26

18

4

4

50-20

58

3.

«Сабо” (Шаҳринав)

26

16

4

6

72-29

52

4.

«Ситора” (Рӯдакӣ)

26

15

7

4

50-19

52

5.

«Ҳулбук» (Восеъ)

26

15

6

5

64-31

51

6.

“Румӣ” (Румӣ)

26

15

2

9

64-37

47

7.

«Пахтакор» (Қубодиён)

26

12

5

9

49-41

41

8.

«Вахши зарнисор» (Вахш)

26

11

6

9

47-40

39

9.

«Саройкамар» (Панҷ)

26

10

4

12

35-39

34

10.

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

26

8

3

15

32-49

27

11.

“Данғара” (Данғара)

26

7

5

14

33-40

26

12.

“Локомотив” (Душанбе)

26

5

2

19

24-72

17

13.

Ҷавонон” (Турсунзода)

26

3

3

20

15-77

12

14.

Рашт” (Рашт)

26

1

0

25

7-84

3

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG