Пайвандҳои дастрасӣ

Рушди башарият дар Тоҷикистон поин рафтааст


Тоҷикистон аз лиҳози рушди башарият дар миёни 187 кишвар соли ҷорӣ зинаи 127-ро ишғол кард. Соли гузашта Тоҷикистон 15 зина болотар, яъне дар зинаи 112 қарор дошт. Зимни муаррифии гузориш дар бораи Рушди башарият Александр Зуев-намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, зинаҳои аввалро чун як соли пеш Норвегияву Австралия ишғол кардаанд. Голландия дар зинаи севвум ва Амрико дар зинаи чаҳоруми ҷадвал қарор доранд. Аз кишварҳои Шӯравии пешин Русия дар зинаи 66 ва Қазоқистон дар зинаи 68 ҷой гирифтаанд. Ҷумҳурии Конго дар зинаи ахир, яъне дар зинаи 187 аст.
XS
SM
MD
LG