Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халабонони рус аз зиндон раҳо шуданд


Ҳайати машваратии додгоҳи вилояти Хатлон, ки расидагии дубора ба парвандаи Владимир Садовничий ва Алексей Руденко-халабонони русро бар ӯҳда дошт, эътирози додситонӣ дар мавриди афви Садовничий ва Руденкоро пазируфт, вале аз шикояти маҳкумшудаҳо сарфи назар кард. Додгоҳи вилояти Хатлон гуфт, Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония ба 2 солу шаш моҳ зиндон маҳкум шуда, аммо бар асоси қонуни афви Тоҷикистон ба озодӣ баромадаанд. Қабл аз ин, Толибҷон Азимов, ёвари додситони вилояти Хатлон, ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбат ба Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро ниҳоят сангин хонд ва аз Ҳайати машваратии додгоҳи вилояти Хатлон дархост кард, ки ин ҳукмро нармтар кунад. Аммо Ғулом Бобоев, вакили мудофеи халабонҳо аз додгоҳ хоста буд, ки нафарони таҳти ҳимояти ӯро аз толори додгоҳ озод ва ҳамчунон "сафед" кунад. Вале на намояндаи додситонии Хатлон ва на вакили мудофеи халабонҳо дар бораи ду ҳавопаймои ширкати "Ролкан" ва як муҳаррике, ки ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира шудааст, ҳарфе нагуфтанд. Ҳатто дар шикояти кассатсионии ду халабон дар ин бора ишорае нарафтааст.
XS
SM
MD
LG