Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хонуме, ки дар Қайроқум мехоҳад Латиф ва Дидораро фарзандхонд кунад, бо радиои Озодӣ дар тамос шуд ва мегӯяд, қонунҳои Тоҷикистон барои парастории кӯдакони бесарпаноҳ иҷоза медиҳад.

Ҳафтае пеш мо дар барномаи "Садои ҳамватан" бо Фаррух Мирзоев-раиси ҷамъияти тоҷикони Екатеринбург дар бораи сарнавишти ду кӯдак-Латиф ва Дилдора мусоҳибаеро ба нашр расондем. Ёдовар мешавем, ки шоми 7 ноябр дар Екатеринбург зане бо номи Лутфия Халилова-шаҳрванди Тоҷикистон ду кӯдаки хурдсоли худро дар мағозаи “Пикник” гузошта, худаш аз ин мағоза ғайб зада буд.

Яке аз кӯдакон чаҳорсола бо номи Латиф ва дигарӣ бо номи Дилдора кӯдаки навзоди 9 моҳа аст. Модар ба дасти ин кӯдакон навиштаҷотеро дод, то ҳангоми гирифтани кӯдакон полис онро бихонад. Модар ба забони русӣ навиштааст ва мо баргардони онро ба тоҷикӣ меорем: “Милитсияи мӯҳтарам, ман модари ин кӯдаконам. Се фарзанд дорам. Натавонистам онҳоро зери парастории худ бигирам. То пайдо шудани падарашон кӯдакони маро нигаҳбонӣ кунед”.

Баъд аз нашри ин мусоҳиба ва нашри он дар башхи “Ҳамватан”-и сомонаи радиои Озодӣ хонуме бо номи Файзиниссо аз Қайроқум ба радиои Озодӣ навишт, ки мехоҳад ин ду кӯдакро ба тарбияи худ бигирад ва ба ин тартиб ба модари ин кӯдакон дар тарбияи фарзандонаш кӯмак кунад. Вай аз ҷамъияти тоҷикони Екатеринбург дархост кардааст, ки шарту шароити чунин фарзандхондиро тавзеҳ диҳад. Мо дубора ба Фарррух Мирзоев занг задем ва хостем, ки ба дархости хонум Файзиниссо дар Қайроқум посух диҳад:


Фаррух Мирзоев

Фаррух Мирзоев

Фаррух Мирзоев: Аз рӯи қонунҳои Русия додгоҳи ин кишвар падару модари ин кӯдаконро бояд аввал аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардонад. Баъд аз он шахсе, ки мехоҳад кӯдаконро ба фарзандӣ қабул кунад, бояд биёяд ва ин ҷо сабти ном шавад. Шароити зисти вайро бояд дар Тоҷикистон бубинанд, ки барои тарбияи кӯдакон муносиб аст ё не. Дар ин ҷо ҳам шаҳрвандони Русия ва дигар давлатҳо ҳастанд, ки мехоҳанд кӯдаконро ба фарзандӣ ғабул кунанд. Навбат зиёд аст.

Озодӣ: Яъне хонум Файзиниссо барои қабули ин кӯдакон бояд ба Екатеринбург равад?

Фаррух Мирзоев: Бале, вай бояд ба шаҳри Екатернибург биёяд. Ғайр аз ин вай шароити зисти худро ба идораҳое, ки бо ин корҳо машғуланд, бояд нишон диҳад. Ҳатто имкон дорад, идораҳои дахлдор ба Тоҷикистон раванд ва аҳли хонавода ва шароити зиндагии ин хонумро бубинанд. Баъд аз ин комиссия қарор қабул мекунад ва ба ин хонум иҷозаи модархондиро медиҳанд.

Озодӣ: Ҳоло ин кӯдакон дубора ба дасти модари худ баргаштанд?

Фаррух Мирзоев: Бале. Модар бо кӯмаки хешовандонаш фарзандони худро пас гирифтааст.

Озодӣ: Пас роҳи беҳтарине, ки хонум Файзиниссо аз Қайроқум битавонад ин кӯдаконро ба фарзандӣ қабул кунад, чӣ аст?

Фаррух Мирзоев: Аз ҳама роҳи осон ин аст, ки онҳо бо модари кӯдакон маслиҳат кунанд, мо аз ин ҷо кӯмак мекунем, ки онҳо ба Тоҷикистон раванд ва дар Тоҷикистон тибқи қонуни мавҷуда модари кӯдакон ба хонум Файзиниссо ин кӯдаконро бидиҳад. Ин роҳи беҳтар аст.

ХОНУМ ФАЙЗИНИССО КИСТ?

Баъд аз чопи дархости хонум Файзиниссо дар сомонаи радиои Озодӣ бисёре аз хонанагони ин сомона дар номаҳои худ ташаббуси ин хонумро барои ба тарбияи худ гирифтани Латиф ва Дилдора ситоиш кардааанд ва онро иқдоми хайру башардӯстона арзёбӣ карданд. Ҳамзамон хонандагони сомона аз мо пурсидаанд, ки ин хонуми хайрхоҳ кист, ки ба чунин иқдоми хайри инсонӣ моил шудааст.


Файзиниссо Воҳидова

Файзиниссо Воҳидова

Мо хонум Файзиниссоро дар шаҳри Қайроқуми Тоҷикистон пайдо кардем. Вай яке аз хонумҳои ҷасур ва шинохтаи Тоҷикистон Файзиниссо Воҳидова-ҳуқуқдон ва вакили мудофеъ аст, ки бо дифоъ аз ҳуқуқи маҳкумшудагон дар додгоҳҳо ном баровардааст. Хонандагони сомонаи мо вайро хуб мешиносанд.

Хонум Файзиниссо дар сӯҳбати телефонӣ ба мо гуфт, ки тасмимаш дар бораи ба тарбияи худ гирифтани Латиф ва Дилдора танҳо иқдоми башардӯстона ва дилсӯзона ба ин кӯдакон аст ва тарбияи кӯдаконро то замоне метавонад бар ӯҳда бигирад, ки волидайни онҳо ба кӯмак ниёз доранд. Ба гуфтаи хонум Файзиниссо Воҳидова, қонунҳои Тоҷикистон ба ин кор иҷоза медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG