Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия таҳримҳои зидди Эронро ғайри қобили қабул хонд


Русия таҳримҳои наверо, ки кишварҳои ғарбӣ бар зидди Эрон эълон карданд, маврилди интиқод қарор дод. Кишварҳои ғарбӣ барномаҳои ҳастаии Эронро ғайриқонунӣ ва ғайриқобили қабул медонанд. Имрӯз вазорати корҳои хориҷии Русия дар эъломияе гуфт, ки ин таҳримҳо имкони музокира бо Эронро халалдор мекунад. Рӯзи душанбе Амрикову Британия ва Канада бар зидди Эрон таҳримҳои нав эълон карданд, ки он бахшҳои энержӣ ва бонкии Эронро ҳадаф қарор додааст. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, тадбирҳои ҷадид гувоҳи фишори бештар ба Эрон аст:

“Агар раҳбарони Эрон тасмим нагиранд, ки хати машши худро тағир медиҳанд ва тааҳҳудоти байналмиллалии худро иҷро мекунанд, дар он сурат фишори байналмиллалӣ афзоиш меёбад. Биёед ман рӯшантар бигӯям: Тасмими имрӯзаи мо имконоти моро барои таҳрими Эрон камтар намекунад”.

Гузашта аз ин, дар як эъломияи хаттӣ Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Эрон бояд роҳеро интихоб кунад, ки дар инзивои байналмиллалӣ қарор нагирад.
XS
SM
MD
LG