Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ раҳоии халабонҳои русро тақозо кард


Толибҷон Азимов, ёвари додситони вилояти Хатлон ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа барои Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро сангин хонд ва аз Ҳайати машваратии додгоҳи вилояти Хатлон талаб кард, ки ин ҳукмро нармтар кунад. Вай гуфт, "мо дар мавриди бегуноҳ будани ин ду халабон чизе намегӯем, аммо аз додгоҳи вилояти Хатлон мехоҳем, ки хукми суди зинаи аввалро тағйир дода, бо назардошти шахсияти онҳо, ки бори аввал маҳкум шудаанд, ҷазояшонро сабуктар кунад."
Ёвари додситони Хатлон аз додгоҳи ин вилоят хост, ки ба ҳар як аз халабонҳо 2 солу 6 моҳ ва 14 рӯз ҳукми зиндон содир ва 4 сол аз ҳавопайморонӣ маҳрум шаванд. Аммо гуфт, бинобар Қонуни афви Тоҷикистон мехоҳанд, ки аз ин ҳукм ду солаш кам карда шуда, ба сабаби он ки онҳо аз 6 моҳ зиёдтар дар СИЗО будаанд, аз толори додгоҳ озод карда шаванд.
XS
SM
MD
LG