Пайвандҳои дастрасӣ

Бритониё ҳар навъ иртиботи низомҳои молии худ бо бонкҳои Эрон, аз ҷумла бо Бонки марказии ин кишварро қатъ кард.

Вазири дороии Бритониё Ҷорҷ Озборн дар як баёния гуфт, барои нахустин бор аст, ки Лондон равобиташ бо низоми бонкии тамоми як кишвар, бо шумули ширкатҳои таъсисдодаи он бонкҳоро қатъ мекунад.

Озборн баъдан ба ББС гуфт, қатъи иртибот бо бонкҳои Эрон пеши роҳи талошҳои Теҳронро, ки ба бовари ҷомиаи байналмилалӣ, дар пайи сохтани силоҳҳои ҳастаист, хоҳад гирифт ва аз ин рӯ бар амнияти ҷаҳон хоҳад афзуд: «Мо тамоми тамосҳо байни низоми молии Бритониё ва Бинои яке бонкҳои бритониёӣ

Бинои яке бонкҳои бритониёӣ

низоми бонкии Эронро бас мекунем. Мо ин корро ба далели шавоҳиди байналмилалие мекунем, ки мегӯяд, бонкҳои Эрон дар рушди барномаи бо силоҳҳои ҳастаӣ мусаллаҳ кардани Эрон дахиланд. Мо барои беҳбуди нафақат амнияти ҷаҳон, балки ба хотири амнияти миллии Бритониё низ даст ба ин иқдом мезанем.»

Он ширкатҳои бритониёие, ки то ҳол бо бонкҳои Эрон иртиботи тиҷорӣ доранд, бояд акнун дархости муҷаввиз кунанд, ки дигар танҳо барои анҷоми тарҳҳои башарӣ, таҳвили пулҳои хусусӣ ва пардохти бархе анвоъи бима дода хоҳад шуд.

ИН ИҚДОМИ ТАНҲО БРИТОНИЁИҲО НЕСТ...

Канада низ иртибот бо тамоми низоми бонкии Эронро қатъ кардааст, аммо ба истиснои канадагиҳои эрониюласл, ки ҳамчунон ҳаққи таҳвили пулро хоҳанд дошт.

Амрико ҳам аз эъмоли таҳримоти ҷадид алайҳи Эрон, ки соҳоти энержӣ ва коркарди нафтро ба ҳадаф дорад, хабар дод, аммо дар эъмоли таҳримоти комил алайҳи Бонки марказии он кишвар кӯтоҳ омад. Вазири дороии Амрико Тимотӣ Гейтнер бонкҳои ҷаҳонро дар муомилот бо Эрон ба эҳтиёт хонд, то мабодо ба барномаи ҳастаии он кишвар кӯмак кунанд.

Фаронса низ дирӯз ба хотири ба музокироти барномаҳои ҳастаияш маҷбур кардани Теҳрон хостори эъмоли таҳримоти нави «дар як сатҳи бесобиқа» алайҳи Эрон шуд. Порис аз ҷумла манъи харидории нафти Эрон ва мунҷамид сохтани суратҳисобҳои Бонки марказии он кишварро пешниҳод кардааст. Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ бо муроҷиат ба ИА ва кишварҳои узви ин созмон, Амрикову Канадаву Ҷопон ва кишварҳои дигари хоҳишманд ба эъмоли «билофосила»-и ин таҳримот даъват кард.

БАРНОМАИ ҲАСТАИИ ЭРОН ҲАНӮЗ ҶАНҶОЛБАРАНГЕЗ АСТ

Ин иқдомот дар пасманзари гузориши рӯзи 8 ноябри Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаист, ки барои бори аввал барномаҳои ҳастаии Эронро бо сохтани силоҳҳо рабт медиҳад. Эрон ин гузоришро шадидан радд кард. Раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба дунбол гуфт, ки Теҳрон аз барномаи ҳастаияш, ки расман аҳдофи ғайринизомиро дунбол мекунад, «заррае» ақиб нахоҳад нишаст.

СММ то кунун ба маҳзи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш алайҳи Эрон 4 давра таҳримот эъмол кардааст, ки то ҳол дар амри рӯшан кардани паҳлуҳои машкуки чунин фаъолиятҳои Ҷумҳурии исломӣ чандон муваффақ набудааст.

Ожонси ҳастаӣ рӯзи 18 ноябр дар қатъномааш бо изҳори «нигаронии амиқу афзоянда» дар бораи масоили «ҳаллношуда»-и марбут ба барномаи ҳастаии Эрон ва даъвати Теҳрон ба тазмини дастрасии ин созмон ба куллия асноду таъсисот ва афроди «муҳим» иктифо кард, вале ба маҳзи мухолифати Русияву Чин дар тасвиби пешниҳоди эъмоли таҳримоти ҷадид алайҳи Эрон кӯтоҳ омад.

Аммо кишварҳои Ғарб ваъда супурдаанд, ки бидуни ҳимояти Маскаву Пекин ҳам ба эъмоли фишори бештар алайҳи Ҷумҳурии исломӣ иқдом хоҳанд кард. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дирӯз дар як изҳороти катбӣ гуфт, Эрон худ «роҳи инзивоъро интихоб кардааст» ва Амрикову ёронаш таъқиби роҳҳои фишор болои ин режимро ҳамчунон идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG