Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти маъмурони CIA дар Эрону Лубнон


Хабарҳои расида аз Амрико мегӯянд, дар Эрону Лубнон беш аз 10 маъмуре, ки барои CIA – Идораи ҷосусии Амрико кор мекарданд, боздошт шудаанд. Ин боздоштҳо метавонад як бохти ҷиддӣ барои амалиётҳои иктишофии Амрико дар минтақа шавад. Хабарҳо аз қавли мақомоти кунуниву собиқи Амрико мегӯянд, ташхис ва боздошти хабаррасонҳои CIA ба Ҳизбуллоҳ – гурӯҳии ҷангии шиъаҳои Лубнон муяссар шудааст. Амрико Ҳизбуллоҳро як гурӯҳи террористии муттаҳиди наздики Эрон мешиносад. ABC News мегӯяд, ин маъмуронро дар пайи боздошт эъдом кардаанд ё мекунанд. Ассошиэйтед Пресс гуфт, ки сафорати Амрико дар Лубнон ин хабарро радд кардааст. Ташреҳи мақомоти дигари Амрико ҳанӯз дастрас нест. Раҳбари Ҳизбуллоҳ шайх Ҳасан Насруллоҳ дар моҳи июн гуфта буд, ки ду ҷосуси Амрикоро аз суфуфи ин гурӯҳи пайдо ва дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG