Пайвандҳои дастрасӣ

Тақсими қудрат байни аҳзоби ғолиб дар Тунис


Ғолибони асосии интихоботи Тунис дар тақсими қудрат ба тавофуқ даст ёфтаанд. Бар асоси муомилаи байни аҳзоби баранда, Ҳамад Ҷабалӣ аз ҳизби исломгарои Ан-Наҳда ба курсии сарвазирӣ ва Мунсиф Марзуқӣ аз ҳизби дунявигарои Кунгураи Барои Ҷумҳурӣ ба симати раисиҷумҳури ин кишвари арабӣ хоҳанд нишаст. Ба Мустафо Бин Ҷаъфар аз ҳизби низ дунявии Такатул раёсати парлумон расид. Интихоботи рӯзи 25 октябр нахустин раъйгирӣ дар Тунис баъди суқути режими 23-солаи Зайналобуддин Бин Алӣ дар натиҷаи эътирозҳои моҳи январ буд. Нахустин иҷлоси парлумони ҷадиди Тунис имрӯз доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG