Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон гуфт, интиқоми сарбозонашро хоҳад ҷуст


Арманистон гуфт, интиқоми ду сарбози дар поёни ҳафтаи гузашта дар минтақаи ҷудоихоҳи Қаробоғ аз сӯи нишонзанҳои озарӣ кушташудаашро хоҳад гирифт. Қаробоғ соли 1994, баъди 6 соли ҷанг аз Озарбойҷон ҷудо шуд ва таҳти назорати нирӯҳои арманист. Оташбаси соли 1994 дар марзи ин минтақа пайваста поймол мешавад. Мақомоти арманӣ мегӯянд, ин ду сарбоз рӯзҳои шанбе ва якшанбе кушта шуданд. Сухангӯи вазорати дифоъи Арманистон Давид Карапетиён гуфт, интиқоми қатли ин ду сарбоз “мутаносиб” хоҳад буд. Ҳамтои озарии ӯ Теймур Абдуллоев гуфт, тирандозиҳо дар марзи Қаробоғ бо айби ҷониби арманӣ рух додааст.
XS
SM
MD
LG