Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро ҳушдор дод, ки рӯзҳои раҳбариаш башумор мондааст. Эрдуғон, ки дар Истамбул сӯҳбат мекард, гуфт, Асад “танҳо то як ҷои муайяне метавонад такя ба тонку тӯп кунад”, вале “вақти рафтан як рӯз фаро хоҳад расид.” Интиқодоти Анкара аз саркӯбии тазоҳуроти зидди режими Асад боиси таниш байни ин ду кишвар шудааст. Дирӯз матбуоти Туркия хабар дод, ки бар асари ҳамла ба як гурӯҳи зоирини турк дар шимоли Сурия ду шаҳрванди Туркия ҷароҳат бардоштаанд.
Дирӯз дар Ҳумси Сурия боз дастикам 4 нафар дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG