Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳримоти наву сангинтари Ғарб алайҳи Эрон


Сабти моҳвораии корхонаи ҳастаии Натанзи Эрон

Сабти моҳвораии корхонаи ҳастаии Натанзи Эрон

Амрико аз эъмоли таҳримоти нав алайҳи соҳоти энержӣ ва коркарди нафти Эрон хабар дод, аммо дар эъмоли таҳримоти комил алайҳи Бонки марказии он кишвар кӯтоҳ омад. Дирӯз ёрони Амрико – Бритониё ва Канада - низ алайҳи Эрон таҳримоти сангинтар ҷорӣ карданд. Ҳадаф аз ин иқдомот фишор ба Эрон ба маҳзи барномаи баҳсбарангези ҳастаии Ҷумҳурии исломист. Бритониё гуфт, муомилот бо бонкҳои Эрон, аз ҷумла бо Бонки марказиашро қатъ мекунад. Канада бо қатъи равобит бо бонкҳои Эрон ҳамчунин аз манъи содироти ҳар навъ маҳсулоте, ки дар соҳоти саноати нафту газ ва коркарди нафти Эрон истифода шавад, хабар дод. Ба бовари Ғарб, Теҳрон дар пайи сохтани бомби ҳастаист. Эронро инро рад карда, мегӯяд, ҳадафи барномаи ҳастаияш тавлиди нирӯи барқ аст.
XS
SM
MD
LG