Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобинаи вазирони Миср истеъфо дод


Тазоҳурот дар майдони Таҳрир
Тазоҳурот дар майдони Таҳрир
Дар пайи 3 рӯзи даргириҳо дар майдони Таҳрири Қоҳира байни пулис ва тазоҳургарони талабгори тағйироти сиёсӣ тамоми кобинаи вазирони Миср истеъфо дод. Сухангӯи кобина Муҳаммад Ҳиҷозӣ гуфт, давлати сарвазир Исом Шараф то тасвиби истеъфояш аз сӯи Шӯрои олии нирӯҳои мусаллаҳ ба кори худ идома хоҳад дод. Ин шӯрои низомии ҳокими Миср баъдан дар як изҳорот ба музокироти буҳрон бо нирӯҳои сиёсии кишвар даъват кард. Ин дар ҳолест, ки эътилофи гурӯҳҳои сиёсӣ имрӯз мардумро ба як тазоҳуроти азим дар майдони Таҳрир даъват кардааст. Тайи 3 рӯзи хушунатҳо дар ин майдон беш аз 20 нафар кушта шуданд. Эътирозгарон мехоҳанд, ки шӯрои низомӣ қудратро ба як ҳукумати мулкӣ бисупорад.
XS
SM
MD
LG