Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозбинии ҳукми халабонҳо имрӯз оғоз хоҳад ёфт


Додгоҳи вилояти Хатлон имрӯз ба бозбинии ҳукми халабонҳои ширкати ҳавопаймоии “Ролкан” шурӯъ хоҳад кард. Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 8 ноябр Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро, ки ҳанӯз моҳи март дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дастгир шуданд, бо ҷароими убури ғайриқонунии марз, нақзи қоидаҳои парвоз ва қасди қочоқ 8,5-солӣ ҳукми зиндон дод. Ҳукми онҳо боиси таниши шадиде дар равобити Тоҷикистону Русия шудааст. Маскав хостори раҳоии беқайдушарти халабонҳост ва зоҳиран дар посух ба ҳукми онҳо ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик пардохта, таҳдид кардааст, ки алайҳи Душанбе аз дигар таҳримот низ кор мегирад.
XS
SM
MD
LG