Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи сафари Усқуф Кирилл ба Қирғизистон эълон шуд


Патриарх ё Усқуфи аъзами Русия Кирилл моҳи оянда ба Қирғизистон сафар мекунад. Игор Дронов, як масъули епархияи Бишкек, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки сафари Кирилл ба Қирғизистон бояд 24 ноябр шурӯъ шуда то 27 ноябр идома мекард ва аммо бар асари бемории Усқуф то ба рӯзи 2 декабр мавқуф гузошта шуд.

Қарор аст Усқуфи аъзам аз ибодатгоҳҳои масеҳии Бишкек ва вилояти Чуй дидан кунад. Айни ҳол дар Қирғизистон 48 ибодатгоҳ ва як монастири занона фаъоланд. Русҳо тақрибан 9 дар сади аҳолии Қирғизистонро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG