Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбуси собиқ хостори дарёфти паноҳандагии сиёсӣ шуд


Як шаҳрванди Ӯзбакистон, ки ба хотири расидан ба қаламрави Эстония ғайриқонунӣ аз як рӯдхона убур карда буд, баъд аз раҳоӣ аз маҳбас дархости паноҳандагии сиёсӣ дар Русия кардааст.

Ба иттилоъи бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ, Раҳим Собиров моҳи сентябри соли равон аз рӯдхонаи Нарва, ки 300 метр паҳно дорад, ғайриқонунӣ убур кард ва аммо аз сӯи марзбонҳои Эстония боздошт ва ба Русия истирдод шуд.

Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург Раҳим Собировро бо иттиҳоми убури ғайриқонуни марз барои ду моҳ маҳкум ба зиндон кард. Соли гузашта Раҳим Собиров, ки аз сӯи Тошканд барои узвият дар гурӯҳи ифротгарои исломӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад, дар Қазоқистон боздошт шуд ва баъди раҳоӣ ба Русия рафт.

Раҳим Собиров гуфт, ки ӯ се рӯз пеш маҳбаси Санкт-Петербург тарк намуд ва бо кӯмаки вакили мудофеъ аснодашро барои дарёфти паноҳандагии сиёсӣ ба мақомоти Русия ироа кард.
XS
SM
MD
LG