Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Арабӣ аз нооромиҳо дар Миср изҳори нигаронӣ кард


Нобил ал-Арабӣ, Дабири кулли Лигаи кишварҳои араб, аз нооромиҳо дар Миср изҳори нигаронӣ кард ва аз ҷонибҳои вориди низоъ даъват намуд, ки орому хунсард бошанд.

Бар асари бархӯрдҳо дар майдони Таҳрири шаҳри Қоҳира дар се рӯзи ахир 22 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ва аммо манбаъҳои ғайрирасмӣ, шумораи қурбониёнро 33 нафар ҳисоб кардаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, кормандони полис алайҳи тазоҳургарон аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода мебаранд, эътирозгарон дар ҷавоб сӯи онҳо санг меандозанд.

Тазоҳуроти ахир - бузургтарин баъд аз намоишҳои эътирозии моҳи феврал, ки бо барканории раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак анҷом ёфта буд, маҳсуб мешавад. Аз замони суқути режими Муборак қудрат дар Миср дар дасти Шӯрои олии низомист. Эътирозгарон хостори аз Шӯрои олии низомӣ ба мақомоти мулкӣ интиқол додани қудрат дар Миср шудаанд.

Мақомоти Миср изҳор намуданд, ки бо вуҷуди хушунату нооромиҳо рӯзи 28 ноябр дар кишвар нахустин баъд аз барканории Ҳуснӣ Муборак интихоботи умумӣ баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG