Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров бархе кишварҳоро дар нооромиҳои Сурия айбдор кард


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва ҳамсояи Сурияро дар он айбдор кард, ки ба мухолифини Сурия машварат медиҳанд то бо ҳукумати Башор Асад вориди гуфтушунид нашаванд.

Дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав ӯ гуфт, ки "хатми хушунат зарур аст ва аммо ин талабро ҳам дар назди мақомот ва ҳам дар назди гурӯҳҳои мусаллаҳе бояд гузошт, ки худро дар сафи мухолифини Сурия ҷой кардаанд".

Имрӯз фаъолони ҳуқуқи башари Сурия хабар доданд, ки имрӯз бар асари аз сӯи нерӯҳои амниятӣ саркӯб сохтани намоиши эътирозӣ дар вилояти Ҳомс ду нафар ба ҳалокат расиданд.

. Ба иттилоъи СММ, аз оғози намоишҳои эътирозӣ дар моҳи март дар Сурия беш аз севу ним ҳазор нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG