Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омилҳои куштори Раббонӣ дар Покистон таҳқиқ мешавад


Куштори Раббонӣ дар Афғонистон боиси эътирозҳои густурда шуд
Куштори Раббонӣ дар Афғонистон боиси эътирозҳои густурда шуд
Сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон хабар дод, ки Кобул ба хотири ҷамъоварии иттилоъ дар чаҳорчӯби таҳқиқи куштори сарвари пешини кишвар Бурҳониддин Раббонӣ як ҳайатро ба Покистон мефиристад. Ба гуфтаи Аймал Файзӣ, Исломобод барои қабули ин ҳайати Афғонистон розӣ шуд, дар ҳоле, ки қаблан аз ширкат дар тафтиши ин ҳодиса сарпечӣ мекард.

Бурҳониддин Раббонӣ, раисиҷумҳури пешини Афғонистон ва раиси Шӯрои миллии сулҳ, рӯзи 20 сентябр дар манзилаш дар маркази Кобул бар асари ҳамлаи маргталабона кушта шуд. Раббонӣ масъули таҳияи гуфтушунид миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши “Толибон” буд.

Баъд аз куштори Раббонӣ мақомоти расмии Афғонистон изҳор намуданд, ки ҳамла ба раисиҷумҳури пешин дар Покистон тарҳрезӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG