Пайвандҳои дастрасӣ

Омбудсмен: Вазъи сиҳати Тимошенко хело вахим аст


Вазъи сиҳати нахуствазири пешини Украина Юлия Тимошенко дар боздоштгоҳ хело вахим аст.

Дар ин бора Нина Карпачева, ваколатдори ҳуқуқи башари Украина, ба телевизиони “Пятый канал” хабар додааст. Ба гуфтаи омбудсмен, ӯ шоми дирӯз бидуни огаҳӣ аз боздоштгоҳ дар Киев дидан кард. Нина Карпачева гуфтааст, ки Тимошенко ҳатто тавони аз ҷой бархостанро надошт. Ӯ афзудааст, ки нахуствазири пешин ба ташхиси тиббӣ ва табобат берун аз боздоштгоҳ ниёз дорад.

11 октябри соли равон як додгоҳи шаҳри Киев Юлия Тимошенкоро барои берун аз ваколат пой мондан зимни имзои созиши хариду фурӯши газ бо Русия ба 7 соли маҳбас маҳкум намуд. Мақомоти Украина алайҳи нахуствазири пешин боз панҷ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG