Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба корвони мошинҳои низомӣ дар Балуҷистон


Бар асари ҳамлаи мусаллаҳони мухолифи ҳукумат дар ҷанубу ғарби Покистон 14 сарбози артиш ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилоъи вазорати дифоъи Покистон, як корвони мошинҳои низомии марзбонҳо дар вилояти Балуҷистон ҳадафи тирборон қарор гирифт. Дар ин ҳодиса даҳ сарбози дигар ҷароҳат бардоштанд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Артиши озодихоҳи Балуҷистон” бар дӯш гирифт. Ин гурӯҳ солҳо боз ба хотири дастёбӣ ба мухторияти бештари Балуҷистон ва ҷудо кардани бахши аъзами даромад аз содироти маъданҳои минтақа бо ҳукумати Покистон меҷангад.
XS
SM
MD
LG