Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи сарбозони Сурия ба автобусҳои Туркия


Эътирозҳо дар Сурия идома доранд

Эътирозҳо дар Сурия идома доранд

Имрӯз дар Сурия се автобус бо шаҳрвандони Туркия ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд ва дар натиҷа ду нафар ҷароҳат бардоштанд.

Хабаргузориҳо бо такя ба шоҳидони ҳодиса навиштаанд, ки дар як постгоҳ дар марзи Туркия сарбозони суриягӣ сӯи автобусҳо оташ кушоданд.

Ронандаи захмишудаи яке аз автобусҳо гуфтааст, ки сарбозони суриягӣ ҳамчунин нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро ҳақорат кардаанд. Нахуствазири Туркия ҳукумати Сурияро барои саркӯбсозии намоишҳои эътирозии мухолифин танқид мекунад.

Хабари ҳамла ба автобусҳоро Димишқ ҳанӯз ташреҳ накардааст.

Имрӯз Раҷаб Тайид Эрдуғон дар як гирдиҳамоӣ дар Истамбул изҳор намуд, ки барои суқути Башор Асад рӯзҳои башумор мондааст.

Аз ин пештар фаъолони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки имрӯз бар асари аз сӯи нерӯҳои амниятӣ саркӯб сохтани намоиши эътирозӣ дар вилояти Ҳомс ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳушунат дар Сурия дар ҳоле идома дорад, ки фишори байнулмилалӣ болои раисиҷумҳури Башор Асад ба хотири хатми саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ афзоиш меёбад.

Қарор аст, ки рӯзи панҷшанбе вазирони умури хориҷии давлатҳои узви Лигаи кишварҳои араб дар як нишасти изтирорӣ мавзӯъи фиристодани нозирон барои назорати вазъ дар Сурияро баррасӣ кунанд. Ҳафтаи гузашта Лигаи кишварҳои араб узвияти Сурия дар ин иттиҳодро мутаваққиф кард ва аз Димишқ талаб намуд, ки дар се рӯз ба хушунат хотима бахшад.

Ба иттилоъи СММ, аз оғози намоишҳои эътирозӣ дар моҳи март дар Сурия беш аз севу ним ҳазор нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG