Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни бархӯрдҳо дар Қоҳира ба 20 нафар расид


Бар асари бархӯрдҳо дар майдони Таҳрир дар ду рӯзи ахир 20 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи табибон, аз оғози тазоҳурот беш аз яку ним ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд.

Намоишҳои эътирозӣ дар майдони Таҳрири Қоҳира се шабонарӯз боз идома доранд. Бо вуҷуди талошҳои нерӯҳои амниятӣ барои аз майдон берун андохтани тазоҳургарон, имрӯз ҳам ҳазорон нафар дар шаҳраки хаймаҳо боқӣ мондаанд. Онҳо алайҳи таҳти назорати Шӯрои олии низомӣ боқӣ мондани қудрат дар Миср эътироз мекунанд.

28 ноябр бояд дар Миср нахустин баъд аз барканории раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак интихоботи умумӣ баргузор шавад. Аз замони суқути режими Муборак қудрат дар Миср дар дасти Шӯрои олии низомист.
XS
SM
MD
LG