Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати боз ду тазоҳургари суриягӣ дар Ҳомс


Фаъолони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки имрӯз бар асари аз сӯи нерӯҳои амниятӣ саркӯб сохтани намоиши эътирозӣ дар вилояти Ҳомс ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳушунат дар Сурия дар ҳоле идома дорад, ки фишори байнулмилалӣ болои раисиҷумҳури Башор Асад ба хотири хатми саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ афзоиш меёбад. Ба иттилоъи СММ, аз оғози намоишҳои эътирозӣ дар моҳи март дар Сурия беш аз севу ним ҳазор нафар ҷон бохтаанд.

Қарор аст, ки рӯзи панҷшанбе вазирони умури хориҷии давлатҳои узви Лигаи кишварҳои араб дар як нишасти изтирорӣ мавзӯъи фиристодани нозирон барои назорати вазъ дар Сурияро баррасӣ кунанд.

Ҳафтаи гузашта Лигаи кишварҳои араб узвияти Сурия дар ин иттиҳодро мутаваққиф кард ва аз Димишқ талаб намуд, ки дар се рӯз ба хушунат хотима бахшад.
XS
SM
MD
LG