Пайвандҳои дастрасӣ

Аризаи халабонҳо дар додгоҳи Хатлон баррасӣ мешавад


Додгоҳи вилояти Хатлон аризаи шикоятӣ дар робита ба ҳукми халабонҳои ширкати Ролкан инвестмент ЛТД-ро қабул кард. Қарор аст, ки баррасии ин ариза фардо, 22 ноябр шурӯъ шавад. Ҳафтаи гузашта додгоҳ аризаи шикоятиро бо далели баъзе нуқсҳо баргардонида буд.

Рӯзи 8 ноябр додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати Ролкан - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои қочоқ, марзшиканӣ ва нақзи меъёерҳои байнулмилалии парвозҳо барои ҳашту ним солӣ маҳкум ба зиндон кард. Ин ҳукм боиси сард шудани равобити Маскаву Душанбе гардид ва дар Русия таъқиби муҳоҷирони кории тоҷик шурӯъ шуд.

Ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки мавзӯъи раҳоии халабонҳо ба таври мусбӣ ҳал шавад.
XS
SM
MD
LG