Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯи мурофиаи се тан аз раҳбарони "кхмерҳои сурх"


Нуон Чеа

Нуон Чеа

Имрӯз дар Камбоҷа мурофиаи додгоҳии се раҳбари пешини режими “кхмерҳои сурх” шурӯъ шуд. Нуон Чеа, ки дар ҳукумати низомии Пол Пот шахси дуввум маҳсуб мешуд, яке аз раҳбарони давлат Кхеу Самфан ва собиқ вазири умури хориҷӣ Иенг Сари дар наслкӯшӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият муттаҳам мешаванд.

Синни ҳама муттаҳамон аз 80 сол болотар аст. Айбдоршавандагон иттиҳомро рад кардаанд.

Бар асари таъқибу фишори оммавии мардум аз сӯи режими “кхмерҳои сурх” дар Камбоҷа дар солҳои 1975 то соли 1979 беш аз якуним миллион нафар, тақрибан сеяки аҳолии кишвар, ба ҳалокат расиданд. Сарвари режим Пол Пот охирҳои солҳои 90-ум аз олам даргузашт.
XS
SM
MD
LG