Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоҳи Урдун бо Маҳмуд Аббос музокирот мекунад


Шоҳи Урдун Абдуллоҳ имрӯз аз Каронаи бохтарии руди Урдун дидан ва бо сарвари Фаластин Маҳмуд Аббос музокирот мекунад. Қарор аст, ки мавзӯъи вуруди Фаластин ҳамчун кишвари мустақил ба узвияти СММ дар меҳвари ин гуфтушунид қарор бигирад.

Моҳи октябр дар Шӯрои амнияти СММ баррасии аризаи раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос барои шомил шудани кишвар ба Созмони Милал шурӯъ шуд. Ва аммо на дар Шӯрои амният ва на дар Маҷмааи Кулли СММ дар ин бора назари воҳид мавҷуд нест. ИМА ва Исроил ба пазируфта шудани Фаластин ба узвияти СММ қатъӣ мухолифанд. ИМА ҳушдор додааст, ки ҳангоми баррасии ин мавзӯъ дар Шӯрои амният аз ҳаққи ветои худ истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG