Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори бехабарии мақомоти тоҷик аз таркиши Амузанг


Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа
Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа

Мақомоти Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, аз “таркиш” дар роҳи қатори Амузанг-Тирмиз хабар надоранд.

Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бино бар номае, ки онҳо аз ҳамтоёни узбаки худ дастрас кардаанд, дар қитъаи роҳи оҳани “Ғалаба”-Амузанг, ки минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбакистонро ба ҳам мепайвандад, як пул хароб шуда, ба ин далел ҳаракат дар ин самт қатъ гардидааст.

Ин масъули ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, “дар ин номаи ҷониби Узбакистон ҳарфе дар бораи “таркиш” ё “терракт” дар Амузанг гуфта нашудааст. Дар нома танҳо дар бораи вайрон шудани кӯпрук дар қитъаи Амузанг зикр шудааст, ки гӯиё пояҳояш ноустувор шудаю осеб дидаанд. Ҳоло мо мусофирони самти Кӯлоб-Қӯрғонтеппа-Маскавро аз истгоҳи роҳи оҳани Душанбе гусел мекунем.”

Ҷаноби Қаландаров илова кард, ки ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ҷониби Узбакистон нома фиристода, аз мақомоти он кишвар хостааст, то барои таҳқиқи вазъ дар роҳи оҳани Амузанг як кумиссиюн ташкил диҳад. Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст, ки барои таъмиру барқарорсозии ин қитъаи роҳи оҳан ба Узбакистон кӯмак хоҳад кард. Вале то ҳанӯз дар ин бора мақомоти Узбакистон посухе надодаанд.

Намояндаи ширкати “Узбекистон темир йуллари” зимни як тамоси телефонӣ аз шарҳи вазъи феълӣ дар роҳи оҳани Амузанг худдорӣ кард. Аммо аз ин пеш, мақомоти Узбакистон таркиш дар роҳи оҳани миёни Тирмиз ва Қӯрғонтеппаро “амали террористӣ” унвон карданд. Бар асари инфиҷор касе кушта ё захмӣ нашуда, вале роҳи оҳан дар қитъаи “Ғалаба”-Амузанг тахриб ва ғайри қобили истифода шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷониби Узбакистон мегӯяд, қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа ба дарозии 218 километр, ки ҳанӯз дар соли 1974-ум мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ҳоло барояш мафодовар нест. Соли гузашта мақомоти роҳи оҳани Узбакистон дар номае унвонии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” исрор карда буданд, ки фаъолияти ин қитъаи роҳи оҳан аз лиҳози иқтисодӣ судовар нест ва бояд баста шавад. Ҷониби Тоҷикистон чунин пешниҳодро напазируфта, изҳор дошта буд, ки омода аст махориҷи фаъолияти ин роҳро ба зиммаи худ бигирад.

Вале ба иддаои Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раҳбари созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), судовар набудани роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа барои Узбакистон баҳонае беш набуда, ҳадафи аслӣ дар инҳисори иқтисодӣ қарор додани як қисмати бузурги Тоҷикистонро ба дунбол дорад.

Аз ҳоло мутаваққиф шудани ҳаракати қаторҳои мусофиркашу борбар дар минтақаи Тирмиз-Қӯрғонтеппа нигарониҳои доираҳои соҳибкории ҷануби Тоҷикистонро ба бор овардааст. Зеро соле пеш маҳз ба ҳамин сабаб беш аз ҳазор вагони пурбори соҳибкорони хатлонӣ дар Узбакистон банд монда, ба иқтисоди минтақа хисороти қобили мулоҳиза расида буд.

Коршинос Фирӯз Саидов мегӯяд, дар ҳоле ки рӯшан нест, кай қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа дубора ба кор хоҳад пардохт, имкон дорад ин бор ҳам минтақаи ҷанубии Тоҷикистон бо мушкили мушобеҳ рӯ ба рӯ шавад: “Узбакистон роҳҳои оҳани қисмати шимолии Тоҷикистонро баста наметавонад, зеро як қисми қаторҳои марбути ин кишвар аз ҳудуди вилояти Суғд мегузаранд.”


Ин дар ҳолест, ки дар вилояти Хатлони Тоҷикистон иҷрои чанд тарҳе дар заминаи энержӣ, коркарди маодин, истихроҷи нафту газ ва коркарди тавлидоти кишоварзӣ ҷараён дорад, ки ба эътиқоди соҳибназарон, ба густариши воридоту содироти коло миёни ин минтақаи Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ мусоидат хоҳад кард. Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, коршиносон мегӯянд, рушди минбаъдаи иқтисоду тиҷорати вилояти Хатлон ба фаъолияти роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа сахт бастагӣ дорад.

Ба ҷуз ин, қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа ҷузъе аз шабакаи роҳи оҳанест, ки аз тариқи он бархе аз молу колои мансуб ба нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон интиқол дода мешавад ва барои пешбурди амалиёти ин нерӯҳо дар ҷумҳурии исломӣ муҳим дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG