Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Миср ҳалокати 10 касро таъйид карданд


Тазоҳурот дар майдони Таҳрир

Тазоҳурот дар майдони Таҳрир

Ҳамлаи нирӯҳои амниятӣ болои эътирозгарон дар майдони Таҳрири Қоҳира, ба гуфтаи вазорати тандурустии Миср, дастикам 10 нафарро кушта ва 324 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. ИА хушунатҳоро маҳкум кард ва аз мақомоти Миср хост, ки хушунатҳо алайҳи эътирозгаронро қатъ ва гузариши демократиро тазмин диҳанд.
Дар рӯзи дуввуми хушунатҳо дар маркази эътирозҳое, ки дар моҳи феврал режими Ҳуснӣ Муборакро суқут дод, садҳо сарбозу пулис бо истифода аз газу калтаку тирҳои резинӣ ба поккории майдон аз чанд ҳазор тазоҳургар пардохтанд. Тазоҳургарон мегӯянд, ҳокимони низомӣ мехоҳанд қудратро дар дасти худ нигоҳ доранд. Мақомот аммо итминон доданд, ки интихоботи парлумонӣ дар вақташ - 28 ноябр доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG