Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи таҳқиқи ҳамла ба адиби озарӣ


Рафиқ Тақӣ аз тарафи рост
Рафиқ Тақӣ аз тарафи рост
Мақомоти Озарбойҷон ба таҳқиқи қазияи ҳамла ба адиб ва хабарнигори маъруф Рафиқ Тақӣ пардохтаанд. Дирӯз пулис ҳамсар ва писари адибро бозпурсӣ кард. Рафиқ Тақиро шаби шанбе дар роҳ ба сӯи манзилаш дар Боку 5 корд заданд ва ӯ то ҳол дар бемористон қарор дорад. Баъди 4 соати ҷарроҳӣ як табиб гуфтааст, ки ҷароҳатҳояш дигар ба ҳаёти Рафиқ Тақӣ хатаре надоранд. Бар асари ҳамла ду қабурғаи адиб шикаста, сипурғаш беҷо шудааст. Рафиқ Тақӣ дар соли 2007 дар пайи нашри як матлаби интиқодомез дар бораи Ислом ва паёмбараш Муҳаммад ба 3 соли зиндон маҳкум шуда, оятуллоҳ Фозили Ленкоранӣ, як рӯҳонии шинохтаи эронӣ низ ба қатли ӯ фатво дода буд.
XS
SM
MD
LG