Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ Санусиро низ дастгир кардаанд


Шӯрои миллии гузори Либия гуфт, раҳбари пешини хадамоти иктишофии режими Муаммар Қаззофиро зинда боздошт кардаанд. Мақомот мегӯянд, Абдуллоҳ Санусӣ, ки дар ҳоли фирор қарор дошт, як рӯз баъд аз писари Қаззофӣ – Сайфулислом низ дар ҷануби Либия дастгир шудааст. Ҳардуи онҳо таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор доштанд. Ҳукумати муваққат бо ваъдаи баргузории мурофиаи одилона гуфтааст, ки қасд дорад Сайфулислом Қаззофиро дар худи Либия муҳокима кунад. Аммо додситони додгоҳи Ҳейг Луис Морено Окампо гуфт, ин мавзӯъро рӯзҳои наздик бо ҳокимони Либия баҳс хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG