Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати то 11 нафар дар хушунатҳои Қоҳира


Тазоҳурот дар майдони Таҳрир

Тазоҳурот дар майдони Таҳрир

Бино ба хабарҳо, ҳамлаи дирӯзаи нирӯҳои амниятӣ болои эътирозгарони хаймазада дар майдони Таҳрири Қоҳира – пойтахти Миср- то 11 кушта ба ҷо гузошт. Дар рӯзи дуввуми хушунатҳо дар маркази эътирозҳое, ки дар моҳи феврал бо суқути режими Ҳуснӣ Муборак поён ёфт, садҳо сарбозу пулис бо истифода аз газҳои ашковару тирҳои резинӣ ва калтакҳо ба пок кардани майдони Таҳрир аз чанд ҳазор тазоҳургар пардохтанд. Матбуоти расмии Миср шумори кушташудагонро 3 нафар мегӯяд. Тазоҳургарон мегӯянд, метарсанд, ки ҳокимони низомии муваққат талош доранд, то қудратро дар дастони худ нигоҳ доранд. Мақомот аммо итминон додаанд, ки даргириҳои ахир боиси ихлол дар раванди сиёсӣ намешавад ва интихоботи парлумонӣ дар вақташ, яъне рӯзи 28 ноябр доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG