Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми ихроҷи 26 тоҷик аз Новосибирск


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Як додгоҳи шаҳри Новосибирски Русия ҳукми ихроҷи боз 26 муҳоҷири тоҷикро содир кард. Сухангӯи идораи додгоҳии вилояти Новосибирск Марианна Глушкова гуфт, ҳар кадоми ин муҳоҷиронро 2 000-рублӣ ҷарима ҳам бастаанд. Федеросиюни муҳоҷирони Русия мегӯяд, дар пайи дар Тоҷикистон 8,5-солӣ маҳкум ба зиндон шудани халабонҳои рус Владимир Садовничий ва Алексей Руденко дар Русия то 1500 муҳоҷири тоҷикро боздошт кардаанд. Қазияи халабонҳо ва маъракаи ихроҷи муҳоҷирон боиси таниши бесобиқае дар равобити Тоҷикистону Русия шудааст.
XS
SM
MD
LG