Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 21 ноябр, дар Вена ҳамоиши дурӯзаи махсуси масоили марбут ба аҳамияти таъсиси минтақаи озод аз силоҳҳои ҳастаӣ дар Ховари Миёна оғоз ба кор мекунад. Имрӯз дар Брюссел музокироти байни Сербистону Косово аз сар гирифта хоҳад шуд. Имрӯз рӯзи ниҳоии боздиди вазири баҳрии Амрико Рей Мабус аз Озарбойҷон ва рӯзи дуввум аз сафари чоррӯзаи раисиҷумҳури Туркия Абдуллоҳ Гул ба Бритониёст. Ва ҳам имрӯз, 21 ноябр дар тақвими байналмилалӣ Рӯзи ҷаҳонии телевизион аст.
XS
SM
MD
LG