Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз демократия то адои намози ҷамоат дар “Capitol”


Хуршеди Ҳамдам, хабарнигори "Озодӣ" ҳангоми сафараш дар Амрико

Хуршеди Ҳамдам, хабарнигори "Озодӣ" ҳангоми сафараш дар Амрико

Ахиран дар чорчӯби Барномаи “Many faces of Islam in America”, ки ба ибтикори Департаменти давлатии ИМА ва бо мусоидати сафорати Амрико дар Душанбе созмон дода шуд, сафари кӯтоҳе, аммо муассиреро ба шаҳрҳои Ню-Йорк ва Вашингтон анҷом додам.

Махсусан, дар шароити феълии муносибат бо Ислом ва бархӯрд бо озодиҳои мазҳабӣ, ширкат дар ин барнома ва он ҳам дар кишваре, ки пояи демократия маҳсуб меёбад, бароям хеле муҳим буд. Ман, ки баробари ҳазорҳо сокини дунё аз демократияи Амрико шунида будам, мехостам онро бо чашми худ бубинам ва мушоҳида кунам.

Дар нахустин рӯзи сафар пас аз ширкат дар маросими ифтитоҳи голореи ҷадиди осори ҷаҳони ислом дар музеи Ню-Йорк, ки иҷрои тарҳ муддати шаш сол ва бо ҳазинаи 50 миллион доллар тамом шуда буд, роҳ ба сӯи маҳалли ҳамлаҳои терористии 11 сентябри соли 2001 гирифтем. Ин лаҳза буд, ки як марди амрикоӣ доду фарёдзанон аз паҳлуямон гузашт.

Аъзои гурӯҳи мо, ки хабарнигорон аз Покистону Ҳинд, Тайиланду Филиппин, Малайзияву Бангладеш, Молдиву Чину Индонезӣ ва Афғонистон буданд, бо ҳайрат ба он мард нигаристанд. Аммо худи мардуми маҳаллӣ таваҷҷӯҳе намекарданд. Ин буд, ки Бобур, хабарнигори покистонӣ ба ман гуфт “инҳо аҷиб мардуме ҳастанд”. Каме боз қадам задем ва таҷаммӯи гурӯҳе аз мардумро, ки дар хиёбони наздик ба маҳалли Ҳамлаҳои терористӣ-чаҳорбоғи Зуккотии Ню-Йорк дар Манҳаттен, ки аз моҳи сентябр то кунун ба эътирозоти худ идома медиҳанд, шоҳид шудем.


Боз ҳам рафиқи лоҳуриам ҳарфи пешинаашро такрор кардва ба ман нигариста суол кард: “Оё дар кишвари Шумо чунин шароите ҳаст ё хайр?” Ман посух додам, на инаш ҳасту на онаш. Тааҷҷубзада шуд ва ман ҳам барояш тавзеъ кардам, ки фарҳанги мо намегузорад, то мардум дар кӯчаву хиебон доду вой кунад, аммо барои гирдиҳамоӣ қонун иҷоза намедиҳад.
Оре, қонун дар бораи раҳпаймоиҳо ва гирдиҳамоиҳо, ки соли ҷорӣ ба он тағйирот ворид шуд ва ба дунболи он дигар ҳатто “Атобулло Рақибов дар назди хонаи худаш гуруснашинӣ он тараф истад, ба нишони эътироз садо баланд нахоҳад кард. Чӣ расад назди бинои Омбудсмени тоҷик.”

Албатта, аз демократияи Амрико бисёр мешавад гуфт, аммо ҳамин озодии баёну андешае, ки ҳоло ин мардум доранд ва тоҷикон дар огози даҳаи 1990 чашиданд, вале дуруст истифода карда натавонистанд, кофист, то хонанда ба дарки он биравад. Хуб аст, ки мо худро давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ медонем ва бо фарҳанги болову воло ифтихор мекунем, аммо аз сухан ба амал гузарем, аз фоида холӣ нахоҳад буд, то тавонем ба демократия ё мардумсолорӣ бирасем. Мерасем ё на, вақт довар хоҳад буд.

Ҷойгоҳи ислом дар ҷомеаи Амрико


Амрико дорои ҳафт миллион мусулмон аст. Баробар ба ҷамъияти Тоҷикистон. Аммо сӯҳбат бо иддае аз мусулмонони шаҳрҳои Ню-Йорк ва Вашингтон собит кард, ки шароиту имконот ва риояти ҳуқуқу озодиҳои мусалмони Амрико аз ҷамъияти 97 ва ё 99 дарсадии Тоҷикистон ба куллӣ фарк мекунад. Ҳоло дар Тоҷикистон ду марказ, яке Маркази исломӣ ва дигаре исломшиносӣ аст, ки тобеъияти раёсати ҷумҳурро доранд. Аммо агар хато накунам, дигар марказҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ ва бунёдҳо дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи мусулмонон нест.

Албатта, Ҳизби наҳзати исломӣ ба унвони як ташакукули сиёсӣ ҷойгоҳи худро дорад, ки ҷойи баҳс нест. Аз сӯи дигар ҳазорҳо созмонҳои ғайридавлатӣ ҳаст, ки дунболи масоили ҳуқуқи башару СПИД-у маводи мухаддиру ҳоказҳо мегарданд, вале хос созмони марбут ба масоили мазҳабӣ нест. Аммо дар Амрико марокизу созмонҳо ва бунёдҳои фаровони марбут ба умури мусулмонон ва ҷомеаи исломӣ фаъоланд, ки ташвиқи таъмини ҳуқуқу озодиҳои онон аз ҳадафҳои аслии ин муассисот маҳсуб мешавад.

Раҳбарияти бештари ин муассисотро низ занон ва он ҳам занони табори Ҳинду Покистон бар дӯш доранд. Ҳатто давлат барои иҷрои лоиҳаҳои ин ташкилоти ғайридавлатӣ маблағ ҳам медиҳад. Афзун бар ин Масоҷиди фаровоне низ барои адои намоз ва ибодат фаъол аст ва Масҷиди Муҳаммад, ки шумораи 7- ро дорост аз бузургтарин макони мусулмонони Ню -Йорк маҳсуб меебад. Дар марокизи исломӣ бар иловаи масҷидҳо ва биноҳои тафреҳӣ мадорис низ ҳаст, ки фарзандони мусалмонон дарс мехонанд. Маркази фарҳанги исломӣ дар Ню-Йорк аз бузургтарин муассисаи мазҳабӣ ва фарҳангиест, ки соли 1960 бунёд шудааст ва дар баробари ҷомеаи мусулмони ин шаҳр барои суфарои кишварҳои исломӣ, ки дар СММ фаъолият мекунанд, хизмат мекунад.

Абу Умар Намоз, аз табаъаи Фаластин, имоми ин масҷид аст. Вай таваҷҷӯҳи ҳукумати Амрико ба адёни мухталиф, бахусус дини Исломро аз авомили болоравии ҷойгоҳи дини Ислом дар ҷомеаи ин кишвар медонад ва бар ин бовар аст, ки худи мусалмонон низ бо вуҷуди пайравӣ ба равияҳои мухталиф барои ҳамзистӣ талош меварзанд. Ба таъкиди имом Абу Умар Намоз суниву шиъа ва намояндагони дигар равияҳои дини ислом, ки бо хусусиятҳои хоси худ ибодат мекунанд, ҳама муслим ҳастанд ва касе каси дигарро барои адои намозаш эроду накӯҳиш нахоҳад кард.

Ин лаҳза баҳси салафиву ҳанафӣ, ки дар ҷомеаи мо дар чанд соли пеш буруз карда буд ба ёдам омад, ки яке дигареро мавриди интиқод қарор дода ва дар ниҳоят боиси низоъ гардид. Ҳоло ҳам ҳангоми адои намоз дар масҷид гоҳ-гоҳе шунида мешавад, ки фалонӣ салафӣ асту ба шеваи онҳо намоз мехонад, фалонӣ дасташро ин тавр кард ва фалониву боз беҳмандонии дигар. Яъне: “Ислом ба зоти худ надорад айбе...” Шояд маҳз набуди ваҳдати имонӣ мушкилотеро дар ҷомеаи мусалмони мо ба вуҷуд овардааст ва шояд яке аз сабабҳо заъфи имон бошад. Аммо боз ҳам аввалу охир Худованд доност.

Ифтихор аз мусулмон будан


Дар миёни мардум ин ақида ҳам аст, ки “мусулмонӣ ба мардуми Ғарб дуруст”. Масъулиятшиносӣ дар кору зиндагӣ ин ақидаро дар бораи ғарбиён тақвият мебахшад. Мусулмонони Амрико низ чун намонядагони ин ҷомеа ҳастанд, дорои чунин хусусиёте ҳастанд. Инро ман дар симои ду ҷавони амрикоӣ, Амон Алӣ ва Бассам Тариқ дарёфтам. Онҳо, ки дар моҳи мубораки Рамазони соли 2009 ба 30 масҷиди Амрико сафар карда ва аз ҳаёти мусалмонони манотиқи мухталиф огоҳ шудаанд, ин рисолатро барои худ ифтихор дониста ва гом бардоштан дар роҳи исломро вазифаи имонӣ ва инсонӣ арзебӣ карданд.

Онҳо ба ҳавас дар бораи мусалмон будани худ қисса мекарданд, маро ин суол ором намегузошт, ки оё мо тоҷикон ин гуна бо ифтихор ва бо овози баланд аз мусалмон будани худ ифтихор карда метавонем е хайр? Зеро мардуме ҳастем, ки дар беш аз 70 соли Шуравӣ дар деги бехудоӣ ҷӯшидем ва асари он ҳанӯз ҳам моро рӯҳан азият медиҳад. Маҳдудиятҳое, ки дар роҳи мусулмон будан эҷод мешаванд, боз моро ба он бехудоии замони рукуд мебарад.

Намози ҷамоат дар “Capitol”


Охирон рӯзи сафар дар Амрико сахт дар хотирам нақш баст. Чун дар Вашингтон мулоқотеро дар дафтари кории конгресменҳои мусулмон Карсон (Carson) ва Елисон (Ellison) анҷом додем ва аз бинои порлумони ИМА, ки бо номи Capitol маъруф аст, дидан кардем. Ҳар рӯз аз ин бино садҳо тан дидан мекунанд ва ба таъриху фаъолияти он ошно мешаванд. Дар канори дигар толорҳо, ин бино дорои масҷиде аст, ки дар соли 1996 таъсис шудааст.

Дидори мо аз ин масҷид ба намози ҷамоат рост омад ва аксарияти мо хабарнигорони мусалмон будем, ду ракат намози ҷамоатро бо имоматии пешвои масҷид, ки марди тахминан 45-солаи либиёӣ буд, гузоштем. Бо иддае аз занон беш аз 50 намозгузор буд. Намозгузорон дар ин масҷид умдатан афроди боздидкунанда ва коргарон - мусалмонони машғул ба кор, ҳастанд. Барои намозгузорон шароити лозим дар ин масҷид фароҳам аст.

Ин манзара, ки воқеият буд ва бо чашми сар дидему шунидем пеши назарам маҳдудиятҳои ҷоришуда дар Тоҷикистон дар заминаи намозгузорӣ дар ҷои ҷамъиятӣ, манзур коргоҳро пеши назар овард ва бори дигар “забондарозӣ” - и гузоришҳои Департаменти давлатии ИМА дар мавриди озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон, бахусус дар нисбати Тоҷикистонро собит кард.

Албатта, ҷомеаи Тоҷикистон мусулмонист ва шояд вуҷуди монеаҳое, назири нарафтани ҷавонони то 18 сола ба масҷид ва манъи ибодат дар корхона, иҷоза надоштани занон барои намозгузорӣ дар масҷид ва маҳдудиятҳо барои пӯшиши либоси исломӣ дар мактабу донишгоҳҳо низ аз мусалмонии мост. Боз ҳам “Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост”.

Ҳамон гуна, Амрико ва дигар кишварҳо ба ҳуқуқу озодиҳои мусалмонон эҳтиром қоил ҳастанд, Тоҷикистон низ нисбат ба шаҳрвандони мусалмони худ, ба афроди ғайримусалмон эҳтироми бештаре дорад. Боз ҳам фарҳанги мо ин аст. Шояд ин рафтор дуруст бошад?!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG