Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши модароне, ки натавонистаанд алименти кӯдакони худро бигиранд, боиси тағйирот ба меъёрҳои мавҷуда гардидааст.

Ахиран вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ҳадафи ба шароити рӯз ва воқеияти феълии кишвар мутобиқ кардани фоизи ҷаримаи алимент, ҳаҷми онро кам кард.

ЧАРО ФОИЗИ ҶАРИМАИ АЛИМЕНТ КАМ КАРДА ШУД?

Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, ки фоиз ё баҳраи ҷарима аз маблағи алимент, ки нафари муттаҳам бояд бисупорад, барои ҳар як рӯзи таъхир даҳ дар сад муқаррар шудааст, ки пардохти он ношуданист. Аз ин рӯ, ин фоиз аз 10 то ба сифру аз даҳ як дарсад коҳиш дода шуд: «Татбиқ гардидани ҷаримаи аҳдшиканӣ нисбати қарздор Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон

Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон

дар ҳаҷми даҳ фоиз назар ба қарзи асосӣ чандин маротиба зиёд мешавад, ки ҳолати алиментсупорандаро хеле вазнин мегардонад ва дар ниҳояти кор аз ӯ ситонидани ин миқдори ҷарима ба ҳақиқат мувофиқат намекунад.»

Зимнан мушкилоти пардохти алимент аз сӯи падароне, ки аз зан ва фарзанди худ ҷудо шудаанд, махсусан баъд аз ба муҳоҷирати корӣ рӯ овардани ин падарон ба яке аз масъалаҳои ҳаррӯзаи додгоҳҳо дар Тоҷикистон табдил шудааст. Дар бештари ҳолатҳо занҳое, ки алименти муқаррашударо гирифта наметавонанд, намедонанд шавҳари пешини худро чӣ тавр ба додгоҳ эҳзор кунанд.

Бунафша номи шартии як сокини шаҳри Душанбе аст, ки мегӯяд тарбияти ду фарзандро дар танҳоӣ вале бо мушкилиҳои зиёд ба дӯш дорад, аммо шавҳараш алименти муқарраршударо намесупорад. Вай гуфт, ба додгоҳ Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

муроҷиат кардааст аммо додгоҳ бидуни нафари гунаҳкор мушкилро бартараф карда наметавонад. Ин хонум афзуд, танҳо дар сурати шикояти расмии ӯ, додгоҳ иҷозаи бозошт ва ҷустуҷуи ӯро содир мекардааст, ки ӯ бо чунин шева пас гардониданро намехоҳад, чун мегӯяд ба умед аст, ки шавҳараш баргардад пули тарбияти фарзандонашро хоҳад дод: «Барои он алиментро гирифта наметавонам, ки шавҳарам намедиҳад. Дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст. Мо ҳозир ба додгоҳ муроҷиат кардем, онҳо мегӯянд, ки шавҳарат дар берун аз Тоҷикистон аст, мо ҳеҷ коре карда наметавонем.»

Мавридҳои дигаре низ ҳастанд, ки занҳо ба ҳангоми ҷудошавӣ ба ҳарфи шавҳарони пешини худ бовар карда санади расмии пардохти алиментро дар додгоҳ талаб накардаанд. Зеро чун лиментсупорандаҳоро дар ҳар ҷое ҳам, ки ба кор бипардозанд ин санад таъқиб мекунад ва онҳо ба хотири сурху сафед нашудан дар назди ҳамкорон, занҳои собиқи худро итминон додаанд, ки ҳаққи кӯдаки худро медиҳанд.




Олима, яке аз чунин занҳо мегӯяд, ки чун падари фарзандаш ҳаққи падариро иҷро накард, дигар суроғаш нарафт: «Вай дар ҳеҷ куҷо кор намекунад. Ман аз ӯ чизе талаб накардам ва писарамро ҳамроҳ бо волидони худ калон мекунам. Аммо худаш дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекунад, ақлу фаросат ва инсоф надорад, ки ҳадди ақал як шоколади як сомониро бихараду ба ӯ бидиҳад. Ман ҳам аз вай талаб накардам.»

ШАВҲАРИ БЕКОР АЗ КУҶО АЛИМЕНТ СУПОРАД?

Аммо боз ҳам масъала инҷост, ки ҳоло бештари падарҳои алиментсупоранда дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд ва ё аз бархе аз онҳо дар ватан ҳастанд аммо аз онки дар ҳеҷ куҷо кор намекунанд, ҳаққи фарзанди худро пардохт намекунанд. Пас дар чунин вазъият, мушкили модарони ҷудошуда чи гуна бояд ҳал шавад.

Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик

Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси мустақили тоҷик мегӯяд, дар ҳолате, ки шавҳар бекор аст ва ё дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, таъйини ҳаҷми алимент ба салоҳияти додгоҳ вогузор мешавад: «Дар ҳолате, ки яке аз волидон, ки пардохти алиментро бар дӯши худ бигирад, ҷойи кори муқаррарӣ надорад ё инки даромади мунтазам надорад, ё инки даромади тағйирёбандаву бо асъори хориҷӣ дорад, дар ин вақт додгоҳ метавонад як маблағи устуворро муайян кунад то, ки волидайн барои таъмини моддии кӯдакон пардохт намоянд.»

Ислоҳоти ворида ба қонуни оилаи Тоҷикистон минбаъд ба фарзандони донишҷӯи алиментсупорандаҳо новобаста аз онки онҳо дар кадом муассисаи таълимӣ:- давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ таҳсил мекунанд ҳуқуқ дод, ки ҳаққи худро талаб кунанд. Дар ҳоле, ки дар қонуни қаблӣ ин ҳуқуқ танҳо барои донишҷӯёни муассисаҳои давлатӣ дода шуда буд

Бо ин ҳама Омбудсмен ва ё ниҳоди ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз мақомоти интизомӣ ва додгоҳҳо дар ин кишвар хоста буд, рӯихати афроди мазнун дар насупоридани алиментро ба фурудгоҳ ва ё вокзалҳо таҳвил ва аз сафари онҳо ба хориҷ аз кишвар ҷилавгирӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG