Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тазоҳурот дар пойтахти Миср


Ба думболи тазоҳуроти хушунатбор ва марги ду нафар, дар шаҳри Қоҳира пойтахти Миср, бархӯрдҳо дар ин шаҳр имрӯз ҳам идома кард. Тазоҳурот дар Миср, баёнгари хашми ҷомеа аз суръати кунди ислоҳот ва нигарониҳо аз саъйи низомиёни ҳоким бар Миср барои нигаҳ додани қудрат дар дасти худ дар Миср хонда шудааст. Ба навиштаи хабаргузории расмии “МЕНА”-и Миср, дар бархӯрди тазоҳургарон бо пулис дирӯз 676 нафар захмӣ шудаанд. Пулиси Миср барои пароканда кардани бештар аз 5 ҳазор тазоҳургар аз майдони Таҳрир аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода кард. Тазоҳуроти густурдаи мардумӣ дар ҳамин майдон дар моҳи феврал Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Мисрро маҷбур ба тарки қудрат карда буд.
XS
SM
MD
LG