Пайвандҳои дастрасӣ

WHO мегӯяд, навзодони тоҷик лоғару қадкӯтоҳ шудаанд


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, нархи баланди маводи ғизоӣ ба вазъи сиҳатии кӯдакони навзод дар Тоҷикистон таъсири манфӣ гузоштааст. Дар як пажӯҳиш дар деҳоти Тоҷикистон ошкор шудааст, ки бинобар истеъмоли ғизои нокофӣ ва ё сӯитағзия, андаке бештар аз 29 дар сади кӯдакони то 2 сола, қоматкӯтоҳ ва дувоздаҳуним дар сади онҳо, лоғару камвазн ҳастанд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, сабаби ин вазъ қимати баланди маводи ғизоист, ки хонаводаҳоро маҷбур кардааст, маводи камтару арзонтар ғизоӣ бихаранд ва ғизои камтар қаноат кунанд. Таҳқиқи мазкур, ки моҳи июл анҷом шудааст, ҳамчунин ошкор кардааст, ки теъдоди занони камвазн дар Тоҷикистон назар ба моҳи июли соли гузашта ба таври чашмгир боло рафта ва тақрибан 12 дар садро ташкил додааст, нишондоде, бори охир соли 2006 мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG