Пайвандҳои дастрасӣ

Нависандаи шинохтаи озариро панҷ теғ задаанд


Дар шаҳри Боку пойтахти Озарбойҷон Рафиқ Тақӣ, нависандаи шинохта ва хабарнигори мунтақиди дини исломро теғ задаанд. Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, ба Рафиқ Тақӣ дар роҳ ба сӯи манзилаш ҳамла кардаанд ва ҳоло ӯ дар бемористон аст. Хешовандонаш мегӯянд, ба пушту гардани ӯ панҷ теғ задаанд, вале ба гуфтаи як табиби бемористон, ҷароҳатҳо вазнин нестанд. Рафиқ Тақиро соли 2007 додгоҳи шаҳри Боку барои нашри як мақолаи интиқодӣ дар бораи ислом ва Ҳазрати Муҳаммад ба се соли зиндон маҳкум кард. Баъди ин мақола низ Оятуллоҳ Фозил Ланкаронӣ, як рӯҳонии мӯътабари эронӣ алайҳи ӯ фатво содир кард.
XS
SM
MD
LG