Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар Амузанг. Оғози муҳосираи нави Тоҷикистон?


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Узбакистон таркишро дар роҳи оҳани миёни Тирмиз ва Қӯрғонтеппа “амали террористӣ” унвон карданд.

Бар асари инфиҷор касе кушта ё захмӣ нашуда, вале роҳи оҳан дар қитъаи Ғалаба-Амузанг тахриб ва ғайри қобили истифода шудааст.

Бино ба хабари рӯзномаи давлатии "Правда Востока", ки 19-уми ноябр чоп шудааст, инфиҷор дар шаби 16 ба 17-уми ноябр ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин хабар гуфта мешавад: “Бо мақсади муайян кардани сабаб ва шароити ин ҷиноят кумиссюни давлатӣ таъсис ёфт. Парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.”

Дар ин байн дафтари матбуоти Хадамоти роҳи оҳани Русия рӯзи 17-уми ноябр эълон кард, ки фурӯши билетро ба қаторҳое самти қитъаи Ғалаба-Амузанги роҳи оҳани Узбакистон муваққатан қатъ мекунад. Таври маълум, танҳо қаторҳои Тоҷикистон ё қаторҳое, ки равонаи Тоҷикистонанд, аз ин қитъаи роҳи оҳани Узбакистон убур мекунанд.

Дар ин хабар омадааст, сабаби қатъи ҳаракат аз тариқи ин қисмат, вайрон шудани такягоҳҳои аслии пулест, ки роҳи оҳан аз рӯи он мегузарад. Мақомоти Ширкати Роҳи Оҳани Русия гуфтааст, барои гирифтани иттилоъи лозим ба ҳамкорони худ дар Тоҷикистон ва Ӯзбакистон муроҷиат кардаанд.

Мавҷуда Зикруллоева, як сокини шаҳри Кӯлоб, ки рӯзи 19 октябр бо қатори Маскав-Кулоб ба Тоҷикистон баргаштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ қатори онҳоро иҷоза надоданд ба он самт биравад ва аз ин рӯ онҳоро ба Душанбе овардаанд: “Мо дар гузаргоҳи гумрукии Ӯзбакистон будем, ки ба роҳбаладон хабар доданд, ки тарафи Қӯрғонтеппа ё Шаҳритус, ё об задаст ва ё чизи дигар, ки роҳ вайрон шудааст. Барои ҳамин мусофирҳоро ба Душанбе мебарем, баъд моро ба Душанбе оварданд.”

Мақомоти расмии Тоҷикистон то кунун дар ин замина шарҳе надодаанд.

Дар солҳои 2009-2010 Узбакистон барои роҳ надодани вагонҳои Тоҷикистон, ки масолеҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро итиқол медоданд, эълон карда буд, ки қитъаи Ғалаба-Амузанги роҳи оҳанаш бар асари боронҳои сел тахриб шудаву ниёз ба тармим дорад. Бо ин баҳона ва моҳҳо тӯл кашидани “тармим” зиёда аз 3000 вагони Тоҷикистон наздик ба як сол дар қаламрави Узбакистон дармонда буданд. Мақомоти Тошканд дар ибтидо мегуфтанд, қатъи ҳаракати вагонҳо дар ин масири кӯтоҳ ҳадафи сиёсӣ надорад, аммо дертар ба Душанбе пешниҳод карданд, ки метавонад, танҳо вагонҳои ғайр аз моли марбут ба Роғунро аз тариқи он интиқол диҳад.

Эҳтимол меравад, таркиш дар роҳи оҳани Узбакистон дубора ба муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон сабаб гардад. Бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон аз тариқи роҳи оҳан дар ин рӯзҳои барояшон сангин дар Русия ба маротиб душвор ва ҳатто номумкин хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG