Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангур аз ангур мегирад ранг. Ислоҳи қонуни дини Озарбойҷон


Масҷиде дар Боку, пойтахти Озарбойҷон
Масҷиде дар Боку, пойтахти Озарбойҷон

Порлумони Озарбойҷон дар қонуни дини ин кишвар ислоҳот ворид карда, маҳдудиятҳои хос ҷорӣ намудааст.

Бар асоси ин қонун, таълимоти динӣ дар кишварҳои хориҷӣ барои шаҳрвандони Озарбойҷон бидуни ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои вобастаи кишвар мамнуъ эълон шудаааст.

Ҳамчунин иҷрои маросимҳои мазҳабӣ тавассути шаҳрвандоне, ки дар хориҷ аз кишвар омӯзиш дидаанд, фурӯши наворҳо, мақолаҳо ва фурӯши ҳама манбаъҳои иттилоот дар марказҳои фурӯши бидуни иҷозат мамнӯъ эълон шудааст. Ҳамчунин таблиғи динӣ аз сӯи афроде, ки шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҳастанд дар Озарбойҷон мамнӯъ аст.

Тасвиби ин қонун дар ҳоле аст, ки дар солҳои гузашта нигарониҳои давлати Озарбойҷон аз толибилмоне, ки барои таҳсил омӯзишҳои динӣ ба хориҷ сафар мекунанд, афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол бо таваҷҷуҳ ба ин, ки аксарияти мардуми Озарбойҷон шиамазҳаб ҳастанд ва толибилмони улуми динии ин кишвар бештар барои таҳсил ба шаҳри Қуми Эрон сафар мекунанд, мақомоти Озарбойҷон то кунун чандин бор ба сурати ошкоро нисбат ба талоши Эрон барои ривоҷи ифротгароӣ дар Озарбойҷон ҳушдор додаанд.

Мақомоти ҷумҳури Озарбойҷон иддао мекунанд, ки Эрон бо ташкили гурӯҳҳои исломии тундрав дар ин кишвар, талоши барҳам задани амнияти миллӣ дар Озарбойҷонро дорад.

Додгоҳи ҷароими сангини Озарбойҷон давоми соли ҷорӣ чанд узви ҳизби «Ислом»-и Озарбойҷонро ба ҷурми созмондеҳии террор, ташкили дастаҳои созмонёфтаи ҷиноӣ, нигаҳдорӣ ва истифодаи ғайриқонунии силоҳ ва ғайра ба зиндон маҳкум карда буд.

Аммо нигаронӣ дар мавриди ҷалби шаҳрвандоне, ки дар хориҷ таълими динӣ фаро мегиранд, фақат марбут ба Озарбойҷон нест. Рӯзи сешанбе дувоздаҳумин иҷлоси сарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои ҳамсуд дар Душанбе баргузор шуд ва яке аз мавзуоти барҷастаи мавриди музокира, ҷилавгирии шаҳрвандони ин кишварҳо, ки барои фарогирии таълимоти динӣ ба хориҷ мекунанд, аз тарафи ниҳодҳои амниятии кишварҳои мизбон буд.

Ба гузориши хабаргузориҳо, дар ин нишаст мавзӯи «ифторгароии динии рӯ ба густариш» дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтааст.

Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як суханронӣ аз имкони густариши ифротгароӣ дар миёни ҷавонони тоҷик, ки дар мадориси динии хориҷӣ таҳсил мекунанд сухан гуфт. Ҳушдоре, ки боиси бозгардонидани садҳо толибилм гардид.

Қаблан низ ҳукумати Қазоқистон қонуни нави динро қабул кард, ки назорати шадиди созмонҳои диниро дар назар дошт.

Тибқи ислоҳоти қонуни озодиҳои динии Озарбойҷон, афроде ки аз ин қонун сарпечӣ кунанд, аз 6500 то 9000 доллар ҷарима хоҳанд шуд ва ё ду то панҷ сол ба зиндон маҳкум хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG