Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳимояти Ҳомид Карзай аз қатъномаи Луи Ҷирга


Ҳамзамон бо судури қатъномаи Луи Ҷиргаи анъанавии афғонҳо, Ҳомид Карзай ҳимояти худро аз ин қатънома эълон кардааст.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки ҳукумати ин кишвар бар пояи ин қатънома равобити дарозмуддати стратегӣ бо Амрико ва барномаҳоеро барои пешбурди сулҳ дар Афғонистон ба роҳ хоҳад монд.

Луи Ҷирга пешниҳоди ҳукумат дар бораи ҳузури низомии Амрико дар хоки Афғонистон ва барномаи пешбурди сулҳро пазируфт, вале ҳамзамон гуфт, ки ҳузури Амрико набояд доимӣ бошад.

Ин ҷамъомад, ҳудудан 2 ҳазор раҳбарони қабилаҳо ва чеҳраҳои таъсиргузор дар сарнавишти Афғонистонро ба ҳам оварда буд то дар ин ду мавзӯи муҳим, ҳузури ояндаи Амрико дар Афғонистон ва сарнавишти сулҳу созиш дар кишвар ба созиш бирасанд.

Ҳомид Карзай қатъномаи Луи Ҷиргаро фарогир хонда ва гуфтааст, ки дар ин қатънома манофеи миллии Афғонистон мадди назар гирифта шудааст.


Раиси ҷумҳури Афғонистон асри рӯзи шанбе дар маросими поёни кори Луи Ҷирга дар Кобул ширкат карда ва пас аз мутолиаи маводи ин қатънома гуфт, бо дар назардошти машваратҳои иштироккунандагони Луи Ҷирга дар заминаи имзои санади мушорикати стратегӣ бо ИМА ва барқарории сулҳ дар кишвар амал хоҳад кард.

Дар қатъномаи Луи Ҷирга, ки дорои 76 мода аст, назарот ва пешниҳодоти аъзои кумитаҳои 40-гонаи ин ҷирга дар ду бахш ҷо дода шудааст. Яке дар заминаи эҷоди равобити дарозмуддати стратегӣ бо Амрико ва дигар механизми сулҳ ва мусолиҳа дар Афғонистон.

Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки аъзои Луи Ҷирга тайи ин қатънома шароити пешниҳодҳои бештар ва сахттареро нисбат ба ҳукумати ин кишвар дар заминаи имзои санади ҳамкориҳои дарозмуддати стратегӣ бо Амрико ироа кардаанд.

Вай дар бахше аз суханронии худ тааҳҳуд супурдааст, ки дар дуввуним соли ояндаи кораш заминаи эҷоди зербиноҳоро фароҳам хоҳад овард.
Ӯ гуфтааст, ҳеҷ паймоне ба сурати пинҳонӣ ва бидуни машварати раҳбарони қавмӣ ва мардуми Афғонистон сурат нахоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG