Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти Лоя Ҷиргаи Афғонистон хотима ёфт


Нишасти чаҳоррӯзаи Лоя Ҷирга ва ё Шӯрои қавму қабоили Афғонистон рӯзи шанбе бо қабули қатъномае поён расид. Дар ин қатънома ба имзои созишномаи ҳамкориҳои стротежик бо Амрико таъкид ва дар ин росто шароити муайяне низ матраҳ шудааст. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, тавсияҳои Лоя Ҷиргаро, “фарогир ва қобили қабул” хонд. Дар қатъномаи ин шӯро аз музокирот бо Амрико дар мавриди ҳузури нерӯҳои ин кишвар пас аз соли 2014 дар Афғонистон ҳимоят шудааст. Қарор аст, нерӯҳои хориҷӣ то соли 2014 Афғонистонро тарк кунанд. Аммо айни замон дар қатъномаи Лоя Ҷирга ба ҳузури низомии доимии Амрико дар Афғонистон мухолифат шудааст. Дар Лоя Ҷирга ҳамчунин масъалаи интихоби нави раиси Шӯрои Сулҳи Афғонистон баррасӣ шуд, ки раиси пешини он устод Бурҳониддин Раббонӣ моҳи сентябр дар як сӯиқасде ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG