Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайф-ул-Ислом писари Қаззофиро боздошт кардаанд


Бино ба гузориши расонаҳои Либия, Сайф ул-Ислом, писари Муаммар Қаззофӣ, раҳбари собиқ ва кушташудаи Либия дар ҷануби кишвар боздошт шудааст. Хабари мазкурро аз қавли Муҳаммад ал-Алоқӣ, вазири адлияи ҳукумати муваққати Либия нашр кардаанд. Муҳаммад ал-Алоқӣ, ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтааст, писари 39-сола ва яке аз ҳашт фарзандони фирории Муаммар Қаззофӣ, дар минтақаи Обарӣ дар ҷануби шаҳри Троблус боздошт шуд. Дар ҷараёни боздошт ба ӯ осебе нарасидааст. Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноят дар шаҳри Гаага, Сайф-ул-Исломро ба ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам мекунад, ки ӯ вориси падараш дониста мешуд. Муаммар Қаззофӣ пас аз тақрибан 42 соли ҳукумат дар Либия як моҳе пеш дар қиёми мардумӣ алайҳи ҳукуматаш кушта шуд.
XS
SM
MD
LG