Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши фишор болои режими Асад. Баъд аз Либия - Сурия?


Раисиҷумҳурия Сурия Башор Асад
Раисиҷумҳурия Сурия Башор Асад

Фишорҳо ба режими Сурия меафзояд, то ба саркӯбии тазоҳургарони зиддидавлатӣ дар ин кишвар хотима диҳад.

Аз як сӯ Иттиҳодияи Араб ба Сурия бо таҳрим таҳдид кардааст. Аз сӯи дигар Фаронса низ хостори эмъоли таҳримоти тозаи Созмони Милали Муттаҳид алайҳи он кишвар шудааст.

Рӯзи ҷумъа, Алан Жупе, вазири умури хориҷии Фаронса, аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал хост, алайҳи Башор Асад - раисиҷумҳури Сурия, иқдом кунад ва афзуд, фурсати он расидааст, то барои саркӯбии бераҳмонаи тазоҳуроти зиддавлатӣ таҳримҳо алайҳи режими ӯ тақвият дода шавад.

Алан Жупе баъди дидор бо Аҳмад Довудоғлу, ҳамтои туркаш дар Анқара сӯҳбат кард, ки ӯ дар навбати худ аз хатари бурузи ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ҳушдор дод.

Бино ба гузоришҳо, шаби ҷумъа ба шанбе дар Сурия дар идомаи тазоҳуроти зидди раисиҷумҳур Башор Асад, ки ҳашт моҳ пеш шурӯъ шуда буд, даҳҳо нафари дигар кушта шуданд. Аз он замон то кунун ба гуфтаи Созмони Милал бештар аз 3 ҳазору 500 нафар ҷон додаанд. Давлати Сурия мегӯяд, хушунат кори дасти гурӯҳҳои ҷиноӣ аст.


Марк Тонер, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико дигарбора таъкид кард, ки ба эътиқоди кишвараш Башшор Асад бояд канорагирӣ кунад ва роҳро барои гузариши демократӣ боз намояд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, мегӯяд, авзои бӯҳронӣ дар Сурия метавонад ба ҷанги дохилӣ табдил ёбад, вале гуфт ӯ, пешбинӣ намекунад, ки ҷомеаи байналмилалӣ, он гуна ки дар Либия мудохила кард, дар Сурия амал кунад. Дар Либия, нерӯҳои байнулмилалӣ ба раҳбарии НАТО дар як амалиёти ҳавоӣ дар ҷанги шӯришиён алайҳи Муаммар Қаззофӣ кӯмак карданд.

Ин дар ҳолест, ки "Ихвон-ул-муслимин"-и Сурия хоҳони мудохилаи низомии Туркия дар Сурия барои дифоъ аз ғайринизомиён шудааст.
XS
SM
MD
LG