Пайвандҳои дастрасӣ

Бигзоред, муҳоҷирони тоҷикро аз Русия биронанд, то табибони соҳибтаҷрибаи тоҷик, ки занону кӯдакону "дедушка"-ву "бабушка"-ҳои русро дар манотиқи дурдаст аз марг наҷот медиҳанд, ба Тоҷикистон баргарданд ва ин корро дар ҳаққи мардуми худ кунанд.

Бигзоред, муҳоҷирони тоҷикро аз Русия ихроҷ кунанд, то мардуми рус бидонанд, ки тамоми мусибати онҳо аз дасти муҳоҷирони жӯлидаи тоҷик набудааст, ки аз як гӯшаи ба гуфтаи онҳо ақибмондаи ҷаҳон омада, ҷойи кору нони даҳони онҳоро мегиранд.

Бигзоред, муҳоҷирони тоҷикро аз Русия биронанд, то соҳибкорони хурду миёнаи руси муҳтоҷи нерӯи арзони муҳоҷирони заҳматкашу қаноатпешаи тоҷик аз ин нерӯ маҳрум ва варшикаста шаванд.

Бигзоред, муҳоҷирони кории тоҷикро аз Русия ихроҷ кунанд, то ширкатҳои сохтмонии Русия зиён бинанд ва бонкҳои заифи он солона аз садҳо миллиону миллиардҳо доллар, ки аз ҳисоби муҳоҷирон ба даст меоранд, маҳрум шаванд.

Бигзоред, муҳоҷирони тоҷикро аз Русия биронанд, то маъмурони милисаи олуда ба фасоди рус аз даромади изофӣ маҳрум шаванд ва ба ҷайби мардуми маҳаллӣ дастдарозӣ кунанд ва эътимоди мардуми рус ба ҳукумати Русияро аз байн бубаранд.

Бигзоред, муҳоҷирони тоҷикро аз Русия биронанд, то шаҳри Маскаву Санкт-Петербург ватани Путин, дерижёри ин мазҳака, аз ифлоси бипӯсаду майдони сайругашти калламушҳо шавад.

Бигзоред, муҳоҷирони тоҷикро аз Русия биронанд, то рустоҳои матруке, ки тоҷикони захматкаш дигарбора обод ва мақомоти русро хушҳол карданд, дигарбора матрук шаванд.

Бигзоред, муҳоҷирони тоҷикро аз Русия биронанд, то мардуми рус бидонанд, ки сарчашмаи тамоми мусибати онҳо на тоҷикони соддаву самимӣ, балки сиёсатҳои кӯтоҳандешонаи сиёсатмадорони кишварашон аст.

Бигзоред, муҳоҷирони тоҷикро аз Русия биронанд, то ҷавонони тоҷик дар он кишвар хӯи ғуломиву тарсуӣ нагиранд ва ба дасти сартарошидаҳои золиму бехуни рус ба хориву зорӣ кушта нашаванд.

Бигзоред, муҳоҷирони тоҷикро аз Русия биронанд, то матбуоти русӣ домани миллати бошарафи тоҷикро раҳо ва мавзӯи дигари масхара пайдо кунад ва тоҷикон дигар худро миллати тавҳину ҳақиршуда эҳсос накунанд.

Бигзоред, муҳоҷирони тоҷикро аз Русия биронанд, то давлати Тоҷикистон сари он ҷиддитар андеша кунад, ки содироти нерӯи кор, роҳи хуби пешрафту беҳбуди зиндагӣ нест ва бар зиёни миллати азизи тоҷик аст.

Бигзоред, муҳоҷирони кории тоҷикро аз Русия биронанд, то дар рустоҳои дурдасти Тоҷикистон, ки табиб надоранд, афроди бемор дар интизори табиб намиранд.

Бигзоред, муҳоҷирони тоҷикро аз Русия биронанд, то кӯдакони мактабхони тоҷик дигар нагӯянд, ки «хонда чо мекнм, мерам Расия кор кунӣ» ва худро аз кӯдакӣ барои корҳои пасту ғурбат омода накунанд.

Бигзоред, муҳоҷирони тоҷикро аз Русия биронанд, то тифлони чашмбароҳи тоҷик дар канори падар ба воя расанд ва меҳри падариро хам бичашанд ва завҷаҳои ҷавону модарони чашмбароҳашон моҳҳову солҳои тӯлонии зиндагии худро дар ғаму ғусса сипарӣ накунанд.

Бигзоред, муҳоҷирони тоҷикро аз Русия биронанд, то тоҷикон бидонанд, ки курраи Замин бузург аст ва ба ғайр аз Русияи тарснок, ки мизбони бемеҳру сарде аст, бо таънаву маломат, як бурда нон медиҳад, ҷойҳои дигари амну гармтар барои кору зиндагӣ ҳаст.

Бигзоред, муҳоҷирони тоҷикро аз Русия биронанд, то давлати Тоҷикистон зери фишори ҳамин мардум сари таъсиси ҷойҳои корӣ дар дохил ҷиддитар андеша кунад.

Бигзоред, муҳоҷирони тоҷикро аз Русия биронанд, то Тоҷикистон "муҳоҷирони бекору мусаллаҳи руси пойгоҳи низомии 201-ум"-ро биронад.

Бигзоред мухоҷирони кории тоҷикро аз Русия биронанд, то Русия теша ба решаи худ бизанад ва дар Точикистон аз муҳоҷирати зиёнбор барои наслҳои оянда рӯ бигардонанд.

Бигзоред, муҳоҷирони тоҷикро аз Русия биронанд, то...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG