Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду афсари пулиси афғон дар моҷарое кушта шуданд


Мақомоти расмӣ мегӯянд, ду афсари пулиси афғон дар як моҷаро бо нерӯҳои хориҷӣ кушта шуданд. Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО гуфтанд, ҳодиса дар вилояти Ғазнӣ шаби ҷумъа ба шанбе рух додааст. Заровар Зоҳид, сардори пулиси Ғазнӣ гуфтааст, нерӯҳои байналмилалӣ амалиёти шабонаи худро бо нерӯҳои пулис ҳамоҳанг накардаанд, ки ин сабаби сӯитафоҳум дар миёни ду тараф ва тирандозӣ ба сӯи афсарони пулиси афғон шудааст. Қарор аст, нерӯҳои байналмилалӣ, ки то соли 2014 Афғонистонро тарк мекунанд, масъулияти таъмини бахше аз вилояти Ғазнӣ аз ба ихтиёри нерӯҳои афғон бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG