Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Барак Обама бо Вен Ҷибао, нахуствазири Чин


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Вен Ҷибао, нахуствазири Чин, дар ҳошияи як нишасти байналмилалӣ дар Осиё мулоқот карданд. Мулоқоти барномарезиношуда дар ҳоле сурат гирифт, ки баҳсҳо миёни ин ду қудрати ҷаҳонӣ бештар шудааст. Барак Обама бо ин сафари нӯҳрӯзааш ба кишварҳои Осиё ва Уқёнусияро хотима медиҳад, ки ҳадаф аз он тақвияти ҳузури Амрико дар ин минтақа буд. Дар ҷараёни ин сафар, ӯ дар Австралия аз таъсиси як гурӯҳи низомӣ ва дигар барномаҳое эълом дод, ки амалкардҳое дар муқобили ҳузури афзояндаи Чин дониста мешавад. Рӯзи ҷумъа Барак Обама, нишасти сарони кишварҳои Шарқи Осиёро маҳфили чандҷонибаи муносибе барои рафъи баҳсҳо ба сари қаламравҳои обӣ хонд, агарчӣ Чин мегӯяд, ин масоил бояд дар музокиротҳои дуҷониба ҳаллу фасл шавад.
XS
SM
MD
LG